Hhdt | Sino

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОН БА МАҶЛИСҲОИ МАҲАЛЛИИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОН БА МАҶЛИСҲОИ МАҲАЛЛИИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №12, мод. 298; с. 2007, №5, мод. 353;

с. 2012, №8, мод. 813; с. 2014, №7, қ. 1, мод. 383, №11, мод. 640; Қонуни конст.ҶТ аз 30.05.2017 с., №1412; аз 19.07.2019 с., №1640)

 

Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 декабри соли 1999 «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №12, мод. 298; с. 2007, №5, мод. 353; с. 2012, №8, мод. 813) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

 

  1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Принсипҳои асосии интихобот

 

Интихобот ба Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихобот дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар ва мустақим бо овоздиҳии пинҳонӣ ба мӯҳлати панҷ сол гузаронида мешавад. (Қонуни конс. ҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

 

Моддаи 11. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи вакилон ба

                          Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.  (Қонуни конст.ҶТ аз 30.05.17 с., №1412)

 

(ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

 

Моддаи 2. Ҳуқуқи умумии интихобот

 

Интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия умумӣ аст. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рӯзи интихобот синнашон ба 18 расидааст, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шуданро доранд. (Қонуни конс. ҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Шахсоне, ки аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиқи ҳукми суд дар ҷойҳои аз озоди маҳрумшудагон нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот иштирок кардан надоранд. (Қонуни конст. ҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт вакили беш аз ду мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ буда наметавонад. (Қонуни конст. ҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

 

Моддаи 3. Ҳуқуқи баробари интихобот

 

Интихобкунандагон дар асоси ҳуқуқи баробар дар интихобот иштирок мекунанд ва ҳар кадоми онҳо як овоз доранд. (Қонуни конст. ҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

 

Моддаи 4. Ҳуқуқи бевоситаи интихобот

 

Вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз тарафи шаҳрвандон мустақиман интихоб карда мешаванд.

 

Моддаи 5. Овоздиҳии пинҳони

 

Овоздиҳи дар интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ озодона ва пинҳони мебошад. Назорат ба изҳори иродаи интихобкунандагон манъ аст.

 

Моддаи 6. Ошкорбаёнӣ ҳангоми тайёрӣ ва гузаронидани интихобот

                               (Қонуни конст. ҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

 

Таёйри ва гузаронидани интихобот ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз тарафи комиссияҳои интихобот ошкоро сурат мегирад ва дар воситаҳои ахбори омма инъикос мегардад. (Қонуни конст. ҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Комиссияҳои интихобот ба шаҳрвандон аз кори худ, аз таъсиси ҳавзаҳо ва участкаҳои интихобот, ҳайат, ҷою соати корашон ва аз рӯйхати интихобкунандагон хабар медиҳанд.

Комиссияҳои интихобот натиҷаи бақайдгирии номзадҳоро ба вакили, шарҳи ҳоли номзадҳои бақайдгирифта, натиҷаи овозҳои гирифтаи ҳар номзад ва ҷамъбасти интихоботро ба маълумоти шаҳрвандон мерасонанд. Дар маҷлисҳои комиссияҳои интихобот, дар бинои овоздиҳи дар рӯзи интихобот ва ҳангоми ҳисобкунии овозҳо як нафари намоянда (нозир) аз ҳизбҳои сиёсӣ, ки номзадҳоро ба вакили пешниҳод кардаанд, шахсони боэътимоди номзадҳои мустақил, намояндаҳои матбуот, телевизион ва радио ҳузур дошта метавонанд. Ваколатҳои онҳо бояд бо ҳуҷҷатҳои дахлдор тасдиқ карда шуда бошанд. (Қонуни конст. ҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Ҳизбҳои сиёсӣ, ки номзадҳоро ба вакили пешбари кардаанд, дар бораи намояндагони худ камаш панҷ руз пеш аз интихобот ба комиссияҳои ҳавзавии интихобот хабар медиҳанд.

Ба рафти овоздиҳӣ ва ба фаъолияти комиссияҳои интихобот дахолат кардани намояндагон ва нозирон мумкин нест. Онҳо метавонанд бо иҷозати раиси комиссияи дахлдори интихобот савол диханд ва шарҳи онро талаб намоянд, диққати аъзоёни комиссия ва хозиронро ба роҳ ёфтани вайронкунии Қонуни конститутсионии мазкур ҷалб созанд. (Қонуни конст. ҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Воситаҳои ахбори омма рафти тайёрии интихобот ва гузаронидани он, инчунин қарорҳои комиссияҳои интихоботиро инъикос мекунанд.

 

  1. ҲАВЗАҲО ВА УЧАСТКАҲОИ ИНТИХОБОТ

 

Моддаи 7. Ташкил кардани ҳавзаҳои интихобот

 

Барои интихоботи вакилон миқдори зерини ҳавзаҳои ҳудудии интихобот ташкил карда мешаванд:

ба Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе - на бештар аз 70 ҳавзаи интихобот;

ба Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳр, ноҳия - на бештар аз 40 ҳавзаи интихобот.

Аз ҳар ҳавзаи интихобот як вакил ба Маҷлиси дахлдори вакилони халқ, интихоб карда мешавад.

Миқдори ҳавзаҳои интихоботро барои интихоботи Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба ҳадди меъёри муқарраркардаи ҳамин Қонун Маҷлиси дахлдор бо назардошти шумораи интихобкунандагон, ҳудуд ва шароити дигари маҳаллӣ муқаррар менамояд.

Ҳавзаҳои интихоботро комиссияи дахлдори интихоботи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр, ноҳия одатан бо шумораи баробари интихобкунандагон ташкил медиҳад. Ҳудуди ҳавзаҳои интихобот бо назардошти сохтори ҳудудии вилоят, шаҳру ноҳияҳо бо ризоияти раисони дахлдор муайян карда мешавад. (Қонуни конст. ҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Рӯйхати ҳавзаҳои интихоботро, ки дар он ҳудуд ва шумораи интихобкунандагон зикр ёфтааст, комиссияи дахлдори интихобот на дертар аз 15 рӯзи баъди таъин гардидани интихобот чоп мекунад.

 

Моддаи 8. Тартиб ва меъёри ташкил кардани участкаҳои интихобот

 

Участкаҳои интихобот бо назардошти ҳудуди шаҳру ноҳияҳо, ноҳияҳои шаҳр бо мақсади муҳайё сохтани шароити муносиб барои интихобкунандагон ташкил карда мешаванд.

Участкаҳои интихобот дар санаторияву хонаҳои истироҳат, беморхонаҳо ва табобатгоҳҳои дигари доимӣ, дар ноҳияҳои дурдасту душворгузари маҳаллӣ, маҳалли сукунати шаҳрвандон ташкил шуда метавонанд. Ин участкаҳои интихобот ба ҳавзаҳои интихоботӣ махаллӣ ҷойгиршавии онҳо дохил мешаванд.

Участкаҳои интихобот аз тарафи комиссияҳои интихоботи шаҳр, ноҳия бо пешниҳоди раисони шаҳру ноҳияҳо ташкил карда мешаванд.

Участкаҳои интихобот на дератр аз рӯзи бисту панҷуми баъди таъин гардидани интихобот ташкил карда мешаванд. Дар ноҳияҳои дурдаст ва душворгузар участкаҳои интихобот дар ҳамон мӯҳлат, дар мавридҳои истисно бошад, панҷ рӯз пеш аз интихобот ташкил карда мешаванд.

Участкаҳои интихобот одатан бо шумораи на камтар аз 20 нафар ва на бештар аз 3000 нафар интихобкунанда ташкил карда мешавад.

Бинои овоздиҳии ҳар участкаи интихоботро раиси шаҳру ноҳия муайян мекунад.

Комисиияи интихоботӣ шаҳру ноҳия участкаи интихоботро рақамгузори мекунад ва ҳудуди ҳар участкаи интихоботро бо зикри маҳалли комиссияи участкавии интихобот ва бинои овоздиҳӣ ба интихобкунандагон хабар медиҳад.

 

III. КОМИССИЯИ ИНТИХОБОТ

 

Моддаи 9. Системаи комиссияҳои интихобот

 

Барои ташкил ва гузаронидани интихоботи Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, комиссияҳои зерини интихобот таъсис дода мешаванд:

комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят; (Қонуни конст. ҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

комиссияи шаҳрии интихобот оиди интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе;

комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр; (Қонуни конст. ҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқӣ ноҳия; (Қонуни конст. ҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

комиссияҳои ҳавзавии интихобот;

комиссияҳои участкавии интихобот.

Роҳбарии умумӣ, назорати ташкил ва гузаронидани интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. (Қонуни конст. ҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

 

Моддаи 10. Ташкили комиссияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявии интихобот

 

Комиссияҳои вилоятӣ шаҳрӣ ва ноҳиявии, интихобот ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро Маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ бо пешниҳоди раиси вилоят, шаҳр ва ноҳияи дахлдор на дертар аз рӯзи даҳуми баъди таъин гардидани интихобот дар ҳайати 7-13 аъзои комиссия ташкил менамоянд. (Қонуни конст. ҶТ аз 27.11.14 с., № 1133; аз 19.07.19 с., №1640)

Раис, муовини раис ва котиби комиссия аз ҷумлаи аъзоёни он дар аввалин маҷлиси он интихоб карда мешаванд. Комиссияи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии интихобот дар бораи ҳайат, нишони ва рақамҳои телефони худ дар нашрияҳои маҳаллӣ маълумот чоп мекунад.

 

Моддаи 11. Ваколатҳои комиссияи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявии интихобот

                                          (Қонуни конст. ҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

 

Комиссияи интихобот ба Маҷлиси вакилони халқӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр, ноҳия: (Қонуни конст. ҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

– ба иҷрои ҳамин Қонун дар ҳудуди дахлдор назорат менамояд, татбиқи якхелаи онро таъмин мекунад ва оид ба масъалаҳои ташкили интихобот тавзеҳот медиҳад;  (Қонуни конст.ҶТ аз 30.05.17 с., №1412)

– оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия мувофиқан ҳавзаҳои интихоботӣ ташкил медиҳад, онҳоро номгузорӣ ва рақамгузорӣ мекунад;»; (Қонуни конст. ҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

– комиссияҳои ҳавзавии интихоботро ба Маҷлиси дахлдори вакилони халқ ташкил медиҳад ва дар бораи маҳалли ҷойгиршавии онҳо маълумот чоп мекунад; (Қонуни конст. ҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

– кори комиссияҳои дахлдори интихоботро танзим мекунад, тартиби ба ҳайати онҳо дохил намудани тағйиротро муайян менамояд, метавонад мустақилона ё бо пешниҳоди прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр, ноҳия қарорҳои комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихоботро дар сурате, ки хилофи Қонуни конститутсионии мазкур бошанд, бекор кунад; (Қонуни конст. ҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

– ба номзадҳо барои иштирок дар маъракаи интихобот шароити баробарро таъмин менамояд;

– маблағро ба комиссияҳои интихобот тақсим менамояд, бо биною нақлиёт ва воситаҳои алоқа таъмин кардани комиссияҳои интихоботро назорат мекунад ва дигар масъалаҳои таъминоти моддию техникии интихоботро баррасӣ менамояд;

– аз рӯи шакли муқаррарнамудаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тайёр намудани бюллетенҳои интихоботро ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, руйхати интихобкунандагон, протоколҳои комиссияҳои интихобот, варақаҳои интихоботӣ, мӯҳри худ, дигар ҳуҷҷатҳои интихоботро таъмин мекунад;

– аз комиссияҳои ҳавзавии интихобот протоколҳои қайди номзадҳоро ба вакилӣ гирифта, хамчунин протоколҳои натиҷаи интихоботи вакилони Маҷлиси дахлдорро дар бораи ҳайати номзадҳои вакилони аз қайд гузаштаи Маҷлиси дахлдор ахбор чоп мекунад;

– ахбори намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро оид ба масъалаҳои тайёрӣ ва гузаронидани интихобот мешунавад; (Қонуни конст. ҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

– вакилони интихобшударо ба қайд мегирад, натиҷаи интихоботи Маҷлиси дахлдори вакилони халқро ҷамъбаст мекунад, дар матбуот оиди ҷамъбасти интихобот хабар ва рӯйхати вакилони интихобгардидаро чоп мекунад;

– масъалаҳои гузаронидани овоздиҳӣ ва интихоботи такрориро ҳаллу фасл менамояд;

– интихоботи вакилон ба Маҷлиси дахлдори вакилони халқро ба ҷои вакилони хориҷгардида таъин мекунад ва мегузаронад;

– арзу шикоятҳоро аз хусуси қарору амали комиссияҳои дахлдори интихобот дида мебарояд ва аз руи онҳо қарор қабул мекунад;

– ба бойгони супоридани ҳуҷҷатҳои вобаста ба ташкилу гузаронидани интихоботро таъмин мекунад; (Қонуни конст. ҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

– ваколатҳои дигареро, ки Қонуни конститутсионии мазкур пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд. (Қонуни конст. ҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

 

Моддаи 12. Ташкили комиссияи ҳавзавии интихобот

 

Комиссияи ҳавзавии интихобот аз тарафи комиссияҳои дахлдори вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии интихобот бо пешниҳоди раиси вилоят, шаҳр ва ноҳияи дахлдор на дертар аз 55 рӯз пеш аз интихобот дар ҳайати раис, муовини раис, котиб ва на камтар аз 8 аъзо ташкил карда мешавад. (Қонуни конст. ҶТ аз 27.11.14 с., № 1133; аз 19.07.19 с., №1640)

 

Моддаи 13. Ваколатҳои комиссияи ҳавзавии интихобот

 

Комиссияи ҳавзавии интихобот:

– иҷрои талаботи Қонуни конститутсионии мазкурро дар ҳудуди ҳавзаи интихобот назорат мекунад; (Қонуни конст. ҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

– ба интихобкунандагон дар бораи маҳалли участкаҳои интихобот хабар медиҳад;

– ба номзадҳо барои иштирок дар маъракаи интихоботи шароити баробарро таъмин мекунад;

– номзадҳои ба вакили пешбаригардида, шахсони боэътимоди онҳоро ба қайд мегирад ва ба онҳо шаҳодатномаи дахлдор медиҳад; (Қонуни конст. ҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

– барои ташкили вохуриҳои номзадҳо ба вакили ва интихобкунандагон мусоидат мекунад;

– ахбори комиссияҳои участкавӣ, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, роҳбарони ташкилотҳо, ҳамчунин мақомоти иттиҳодияҳои ҷамъиятиро вобаста ба масъалаҳои тайёрии интихобот ва гузаронидани он мешунавад; (Қонуни конст. ҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

– аз тарафи комиссияҳои участкавии интихобот тартиб додан ва барои шиносоии умум пешниҳод кардани рӯйхати интихобкунандагонро назорат менамояд;

– матни бюллетени интихоботро аз рӯи ҳавзаи интихобот тасдиқ мекунад ва участкаҳои интихоботро бо бюллетенҳои интихобот таъмин менамояд;

– натиҷаи интихоботӣ ҳавзаро муқаррар ва ба комиссияи дахлдори вилояти, шаҳри ноҳиявии интихобот месупорад;

– натиҷаи интихоботро оид ба ҳавзаи интихобот муқаррар ва чоп карда, ба вакили интихобшуда шаҳодатнома медиҳад;

– овоздиҳии такрорӣ ва интихоботи такрорӣ, ҳамчунин интихоботи вакилонро ба ивази вакилони хориҷшуда ташкил менамояд;

– арзу шикоятҳоро аз хусуси қарорҳо ва фаъолияти комиссияҳои участкавии интихобот баррасӣ намуда, доир ба онҳо қарорҳо қабул мекунад;

– ваколатҳои дигарро тибқи Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. (Қ Қонуни конст. ҶТ аз 26.07.14 с., № 1087) 

 

Моддаи 14. Ташкил кардани комиссиям участкавии интихобот

 

Комиссияи участкавии интихоботро комиссияи шаҳрӣ, ноҳиявии интихобот 45 руз пеш аз интихобот дар ҳайати 5-19 аъзо, аз ҷумла раис, муовини раис, котиб ташкил мекунад. Агар комиссия дар ҳайати 7 нафар ташкил шавад, раис ва котиб интихоб карда мешавад.

Дар сурати зарурат ҳайати аъзои комиссияи интихобот метавонад зиёд ва кам шавад.

 

Моддаи 15. Ваколатҳои комиссияҳои участкавии интихобот

 

Комиссияи участкавии интихобот:

– рӯйхати интихобкунандагони участкаро тартиб медиҳад;

– интихобкунандагонро бо рӯйхати иитихобкунандагон шинос мекунад, аризаҳоро дар бораи саҳву ғалатҳои рӯйхат қабул ва баррасӣ менамояд ва масъалаи ба он дохил намудани тағйироти дахлдорро ҳал мекунад;

– аз интихобкунандагоне, ки дар рӯзи интихобот барои дар ҷои истиқомат будан ва дар овоздиҳӣ иштирок кардан имконият надоранд, лифофаҳои сарбастаи дорои варақаҳои интихоботро қабул мекунад;

– аҳолиро дар бораи маҳалли воқеъгаштаи комиссияи участкавии интихобот, вақти кори он, инчунин рӯзи интихобот ва ҷои овоздиҳӣ хабардор мекунад;

– бинои овоздиҳӣ ва қуттиҳои интихобот ва дигар таҷҳизоти интихоботро тайёр мекунад;

– овоздиҳиро дар рӯзи интихобот дар участкаи интихобот ташкил менамояд;

– овозҳои дар участкаи интихобот додашударо ҳисоб мекунад;

– арзу шикоятҳоро доир ба масъалаҳои тайёри ба интихобот ва ташкили овоздиҳӣ баррасӣ карда, оид ба онҳо қарорҳо қабул мекунад;

– ваколатҳои дигарро тибқи Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. (Қонуни конс. ҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

 

Моддаи 16. Узвият дар комиссияҳои интихобот

 

Узви комиссияи интихобот ҳангоми иҷрои ваколатҳояш бояд бетараф ва холис бошад, набояд дар фаъолияти ҳизби сиёсӣ иштирок кунад, супоришҳои онро иҷро намояд ва дар тарғибу ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳои бақайдгирифташуда ширкат варзад. (Қонуни конс. ҶТ аз 26.07.14 с., № 1087; аз 19.07.19 с., №1640)

Узви комиссияро аз руи аризаи шахсияш, ҳамчунин дар ҳолати маҳрум шудан аз ваколатҳояш аз иҷрои вазифа озод кардан мумкин аст.

Дар ҳолати талабҳои ҳамин Қонунро риоя накардан ва мудом ба вазифаҳои худ беэътинои намудани узви комиссия ҳуқуқи аз ваколатҳояш маҳрум кардани ӯ ба мақоме тааллук дорад, ки ин комиссияро таъсис додааст.

Дар сурати зарурат узви нави комиссияи интихобот мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Қонун таъйин карда мешавад.

Номзад ба вакилии Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ, узви комиссияи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявии интихобот, инчунин комиссияи ҳавзавӣ ё участкавии интихобот, ки овоздиҳиро дар ҳамон ҳавза ё участкаи интихоботӣ ташкил мекунад, буда наметавонад. (Қонуни конс .ҶТ аз 26.07.14 с., № 1087; аз 27.11.14 с., № 1133)

Як шахс метавонад узви танҳо як комиссияи интихобот бошад.

 

Моддаи 17. Ташкили кори комиссияҳои интихобот

 

Раис, муовини раис ва котиби комиссияи интихобот дар маҷлиси якуми комиссияи дахлдор интихоб карда мешаванд.

Маҷлиси комиссияи интихобот дар сурате салоҳиятдор мебошад, ки дар маҷлис на камтар аз се ду ҳиссаи ҳайати комиссия иштирок намояд. Қарори комиссия ба тариқи овоздиҳии ошкоро бо овози аксарияти ҳайати умумии аъзои хузурдоштаи комиссия қабул карда мешавад. Аъзои комиссия, ки бо қарори он рози нестанд, ҳуқуқ доранд ақидаи махсуси худро баён намоянд, ки он дар шакли хаттӣ ба протокол замима карда мешавад. Дар сурати баробарии овозҳо овози раис ҳалкунанда мебошад. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087; Қонуни конст.ҶТ аз 30.05.17 с., №1412)

Комиссияҳои интихоботӣ дар фаъолияти худ ба ҳеҷ мақомоти давлатӣ вобаста нестанд. Иҷрои қарори комиссияи интихобот, ки дар доираи ваколати он қабул шудааст, барои комиссияҳои поении интихобот, ҳамчунин мақомоти дахлдори маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳо ҳатмӣ мебошад. (Қонуни конст. ҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Мақомоти давлатӣ ва мақомоти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, шахсони мансабдор вазифадоранд, ки ба комиссияи интихобот барои амалӣ гардонидани ваколатҳояшон кӯмак расонанд, маълумотҳои барои корашон зарурро муҳайё намоянд.

Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои давлатӣ барои тайёри ва гузаронидани интихобот биноҳо, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт ва маводи заруриро ройгон ба ихтиёри комиссияҳои интихобот вогузор менамоянд. (Қонуни конст. ҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Биноҳо ва таҷхизоти корхонаҳо ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ барои кори комиссияҳои интихобот дар асоси иҷора аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ истифода бурда мешаванд.

Комиссияи интихобот ҳуқуқ дорад оид ба масъалаҳои тайёри ва гузаронидани интихобот ба мақомоти дахлдори давлатӣ ва мақомоти иттиходияҳои ҷамъиятӣ, ба ташкилотҳо, шахсони мансабдор муроҷиат намояд ва онҳо вазифадор ҳастанд, ки масъалаи ба миён гузоштаро барраси намуда, дар мӯҳлати на дертар аз се рӯз ба комиссияи интихобот ҷавоб диҳанд.  (Қонуни конст.ҶТ аз 30.05.17 с., №1412)

Раис, муовини раис, котиб ё дигар аъзои комиссияи интихобот бо қарори он дар давраи тайёрӣ ва гузаронидани интихобот мумкин аст аз иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ ё хизматӣ озод карда шаванд, ки дар ин ҳол маоши миёнаи онҳо аз ҳисоби маблағи барои гузаронидани интихобот ҷудокарда дода мешавад. (Қонуни конст. ҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот баъд аз он, ки Маҷлиси дахлдори вакилони халқ ваколатҳои вакилонро оид ба ҳавзаҳои дахлдори интихоботӣ тасдиқ кард, фаъолияти худро катъ менамоянд. (Қонуни конст. ҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Комиссияи интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, комиссияҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ фаъолияти худро баъд аз интихоб шудани вакилон аз ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ ба Маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ қатъ менамояд. (Қонуни конст. ҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

 

Моддаи 18. Баррасии шикоят аз қарори комиссияҳои интихобот

 

Мақомоти ҳизбҳои сиёсӣ, ки номзадҳоро ба вакили пешбари намудаанд, номзадҳо ба вакили, шахсони боэътимод, нозирон ва интихобкунандагон аз қарори комиссияи интихобот дар давоми даҳ рӯзи баъд аз қабули қарор ба комиссияи болоии интихобот ё суд шикоят карда метавонанд. Шикоят бояд дар давоми се рӯзи баъд аз расиданаш ва агар то рӯзи интихобот камтар аз шаш руз монда бошад, фавран баррасӣ карда шавад.

 

IV. РӮЙХАТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 

Моддаи 19. Рӯйхати интихобкунандагон ва тарзи тартиб додани он

 

Рӯйхати интихобкунандагон доир ба ҳар кадом участкаи интихобот тартиб дода мешавад ва ба он раис ва котиби комиссияи участкавии интихобот имзо мекунанд. Барои иштирок дар кори тартиб додани рӯйхат комиссияи участкавии интихобот метавонад намояндагони аҳли ҷамъиятро ҷалб намояд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ интихобкунандагонро ба ҳисоб мегиранд ва ба комиссияҳои участкавии интихобот дар бораи интихобкунандагони сокини ҳудуди дахлдор маълумотро барои тартиб додани рӯйхати интихобкунандагон медиханд. (Қонуни конст. ҶТ аз 26.07.14 с., № 1087; Қонуни конст.ҶТ аз 30.05.17 с., №1412)

Рӯйхати интихобкунандагон - хизматчиёни ҳарбие, ки дар қисмҳои ҳарбӣ мебошанд, инчунин аъзои оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар интихобкунандагон, агар онҳо дар маҳаллӣ ҷойгиршавии қисмҳои ҳарбӣ зиндаги кунанд, дар асоси маълумоти пешниходкардаи командирони қисмҳои ҳарбӣ тартиб дода мешавад. Хизматчиёни ҳарбие, ки берун аз қисмҳои ҳарбӣ зиндаги мекунанд, дар асосҳои умумӣ дар ҷои истиқомат ба рӯйхати интихобкунандагон дохил карда мешаванд.

Рӯйхати интихобкунандагон дар он участкаҳои интихобот, ки дар хонаҳои истироҳат, санаторияҳо, беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои табобатии доимӣ ташкил шудаанд, дар асоси маълумоти пешниҳодкардаи роҳбарони ҳамин муассисаҳо тартиб дода мешавад. Фамилияи интихобкунандагон дар рӯйхати интихобкунандагон бо тартибе, ки барои ташкили овоздиҳӣ осон аст, зикр мешавад.

Ба рӯйхат фамилия, ном, номи падар, санаи таваллуд ва нишонии ҳар интихобкунанда дохил карда мешавад.

 

Моддаи 20. Тартиби ба рӯйхати интихобкунандагон дохил кардани шаҳрвандон

 

Ба рӯйхати интихобкунандагон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то рӯзи интихобот ё дар рӯзи интихобот ба синни 18 расидаанд, дар вақти тартиб додани рӯйхат дар ҳудуди ҳамон участкаи интихобот доимӣ ё муваққатан зиндаги мекунанд ва барои иштирок намудан дар овоздиҳӣ ҳуқуқ доранд, дохил карда мешаванд.  (Қонуни конст.ҶТ аз 30.05.17 с., №1412)

Ҳар интихобкунанда танҳо ба як рӯйхати интихобкунандагон дохил шуда метавонад.

Интихобкунандае, ки дар ҳудуди участкаи мазкури интихобот зиндаги мекунад ва бо сабабе ба рӯйхат дохил нашудааст, бо қарори комиссияи участкавии интихобот ба руйхати иловагӣ дохил карда мешавад. (Қонуни конст. ҶТ аз 26.07.14 с., № 1087; Қонуни конст.ҶТ аз 30.05.17 с., №1412)

 

Моддаи 21. Шиносонидани шаҳрвандон бо рӯйхати интихобкунандагон ва ҳуқуқи шикоят

                        кардан аз ғалати рӯйхати интихобкунандагон

 

Рӯйхати интихобкунандагон барои шиносшавии умум 15 рӯз пеш аз интихобот ва дар участкаҳои интихоботие, ки дар санаторияҳо ва хонаҳои истироҳат, беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои табобатии доимӣ ташкил шудаанд, дар маҳалҳои дурдаст ва душворгузар ду рӯз пеш аз интихобот пешниҳод карда мешаванд. Комиссияи участкавии интихобот интихобкунандагонро аз маҳал ва вақти шиносои бо рӯйхат огоҳ мекунад.

Ба шаҳрвандон имконият дода мешавад, ки дар бинои комиссияи участкавии интихобот бо рӯйхати интихобкунандагон шинос шуда, дурустии тартиб дода шудани онро тафтиш намоянд.

Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд дар хусуси ба рӯйхат дохил нашудан, нодуруст дохил кардан ё аз рӯйхат баровардан, инчунин саҳву хатоҳои дар рӯйхат ҷойдошта шикоят намоянд. Ариза дар бораи ҷой доштани саҳву хатоҳои дар рӯйхати интихобкунандагон ҷойдошта аз ҷониби комиссияи участкавии интихобот баррасӣ карда мешавад. Комиссияи участкавии интихобот вазифадор аст аризаро дар мӯҳлати на дертар аз ду рӯзи то интихобот ва дар рӯзи интихобот фавран дида баромада, ба рӯйхат ислоҳоти зарурӣ ворид намояд ё ба аризадиҳанда нусхаи қарори асоснокро дар бораи рад гардидани аризааш супорад. Аз хусуси қарори қабулнамудаи Комиссияи участкавии интихобот бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд шикоят кардан мумкин аст. Қарори суд қатъист. Комиссияи участкавии интихобот тибқи қарори суд ба рӯйхати интихобкунандагон ислоҳ ворид менамояд. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

 

Моддаи 22. Таъмини ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон ҳангоми иваз кардани маҳалли

                         истиқомат

 

Дар давраи баъди барои шиносоии умум пешниҳод намудани рӯйхати интихобкунандагон ва то рӯзи интихобот интихобкунандае, ки рӯзи интихобот имконияти дар ҷои истиқомат будан надорад (ҳангоми дар сафари хизмати будан, ба муассисаҳои табобати рафтан ва дигар сабабҳо) ҳуқуқ дорад бо пешниҳоди паспорт ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияташ аз комиссияи участкавии интихоботи маҳалли истиқоматаш варақаи интихобот талаб кунад, қарори қабулнамудаашро дар лифофаи сарбаста ба комиссияи участкавии интихобот супорад. Комиссияи участкавии интихобот дар ин хусус ба рӯйхати интихобкунандагон қайди дахлдор карда, таърихашро нишон медиҳад. Ба лифофаи накушода дар ҳузури интихобкунанда мӯҳр гузошта мешавад. Комиссияи участкавии интихобот барои нигоҳдории лифофа масъул аст.

 

  1. ПЕШБАРИИ НОМЗАДҲО БА ВАКИЛӢ ВА БА ҚАЙД ГИРИФТАНИ НОМЗАДҲО

 

Моддаи 23. Таъйин кардани интихоботи вакилон

 

Интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия одатан дар як вақт аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон камаш 75 рӯз пеш аз хатми мўҳлати ваколати вакилон таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Дар бораи рӯзи интихобот на дертар аз се рӯзи баъди таъйин кардани он дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма хабар дода мешавад. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

 

Моддаи 24. Ҳуқуқи пешбарӣ кардани номзадҳо ба вакили

 

Барои пешбари намудани номзадҳои вакилони халқ ба Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо ҳизбҳои сиёси ва ҳамчунин шаҳрвандон аз тариқи худпешбари ҳуқуқ доранд.

Интихобот ба Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе ба тартибе гузаронида мешавад, ки барои Маҷлисҳои вакилони халқи вилояти пешбини шудааст.

Барои пешбари намудани номзадҳои вакилони халқ ба Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ҳизбҳои сиёси ва ҳамчунин шаҳрвандон аз тарики худпешбари ҳуқуқ доранд. Ҳизбҳои сиёсӣ ҳуқуқ доранд шахсонеро, ки аъзои ҳизби сиёсӣ нестанд, ба вакилии Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ номзад пешниҳод намоянд. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087)

Ҳизби сиёсӣ ба шарте, ки аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Точикистон бо тартиби муқарраркардаи Қонун ба қайд гирифта шуда бошад, номзадро ба вакили пешбари карда метавонад.

 

Моддаи 25. Тартиби пешбарии номзадҳо ба вакили

 

Пешбари намудани номзадҳо ба вакили 50 рӯз пеш аз интихобот оғоз ёфта, 35 рӯз то интихобот хатм мегардад.

Пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилоии халқи вилоятҳо аз тарафи мақомоти шаҳри ва ноҳиявии ҳизбҳои сиёсӣ (конференсияҳо, пленумҳо) сурат мегирад.

Пешбарии номзадҳо ба Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрию ноҳиявӣ аз тарафи мақомоти дахлдори шаҳрию ноҳиявии ҳизбҳои сиёсӣ (конференсияҳо, пленумҳо) сурат мегирад.

Аз мақомоти ҳизбҳои сиёсии шаҳрию ноҳиявӣ як нафари номзад ба вакилии маҷлиси вилояти, шаҳри ва ноҳиявӣ ба ҳар як ҳавзае, ки дар ҳудуди шаҳр, ноҳия воқеъанд, пешбари карда мешавад.  (Қонуни конст.ҶТ аз 30.05.17 с., №1412)

Тартиби хостагирии номзадҳоро ҳудӣ хизбҳои сиёсӣ муайян мекунанд.

Дар бораи пешбарии номзад ба вакили аз хизбҳои сиёсӣ протокол тартиб дода мешавад.

Дар бораи қарори қабулшуда ба номзад ба вакили дар мӯҳлати ду рӯз хабар дода мешавад.

Дар сурати худпешбари номзад имзои сад нафар интихобкунандагонро аз ҳавзаи мазкур бо якҷоягии ариза пешниҳод менамояд.

 

Моддаи 26. Талабот аз номзадҳо ба вакилӣ

 

Ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо номзадии шахсе пешниҳод карда мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, забони давлатиро донад, дар ҳудуди вилоят, шаҳр ва ноҳияи дахлдор кор ва ё зиндагӣ кунад.  (Қонуни конст.ҶТ аз 30.05.17 с., №1412)

Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳо, прокурорҳо, роҳбарони мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва муовинони онҳо, роҳбарони сохторҳои ҳудудии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва муовинони онҳо, инчунин роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар як вақт вакили Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи дахлдор буда наметавонанд ва ба шарте ҳамчун номзад ба қайд гирифта мешаванд, ки дар аризаи худ ҳангоми вакил интихоб шудан аз вазифа рафтанашонро изҳор карда бошанд. (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1133)

Ҳодимони касбии ташкилотҳо ва иттиходияҳои динӣ баъди истеъфо аз вазифаашон ба қайд гирифта мешаванд.

Шаҳрвандони зерин ҳуқуқи ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ номзад шуданро надоранд:

-шаҳрвандоне, ки ба талаботи муқарраркардаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии мазкур ҷавоб дода наметавонанд; (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087; Қонуни конст.ҶТ аз 30.05.17 с., №1412)

-шаҳрвандоне, ки суд онҳоро ғайри қобили амал донистааст ё бо ҳукми суд дар ҷойҳои маҳруми аз озоди нигоҳ дошта мешаванд ва ё бо қарори суд дар муассисаҳои табобати маҷбури мебошанд;

 - хизматчиёни  ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қўшуну сохторҳои ҳарбӣ, вазорату идораҳо, ки дар онҳо Қонун хизмати ҳарбиро пешбинӣ намудааст, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти гумрук ва Агентии назорати маводи нашъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 12.05.07 с., № 257) 

 -шаҳрвандоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои барқасдонаи вазнин ва махсусан вазнин маҳкум шудаанд, новобаста аз гузаштани мӯҳлат ва бардошта шудани доғи судиашон; (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087) 

- шаҳрвандоне, ки доғи судиашон бардошта нашудааст;

- шахсоне, ки шаҳрвандиашон қатъ гардидааст ё шаҳрвандии давлати дигарро соҳиб шудаанд;  (Қонуни конст.ҶТ аз 30.05.17 с., №1412)

- шаҳрвандоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои ба муқобили асосҳои сохти конститусионӣ ва амнияти давлат ва дигар ҷиноятҳои барқасдонаи вазнин ва ё махсусан вазнин аз тарафи мақомоти таҳқику тафтишот гумонбаршудаанд ё нисбати онҳо кофтуков эълон карда шудааст, ба истиснои иштироккунандагони муковимати сиёсию низомӣ, ки нисбати онҳо авф татбиқ карда шудааст. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087) 

 

Моддаи 27. Бақайдгирии номзадҳо ба вакилӣ

 

Комиссияи ҳавзавии интихобот номзадҳоро, ки аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ ё ба таври худпешбари пешниҳод шудаанд ба қайд мегирад. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087) 

Бақайдгирии номзадҳо ба вакили 35 рӯз пеш оғоз ёфта, 20 рӯз пеш аз интихобот ба охир мерасад.

Қарор дар бораи бақайдгирии номзадҳо ба вакили дар сурати мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зерин қабул карда мешавад:

қарори мақоми шаҳри, ноҳиявии ҳизби сиёсӣ дар бораи пешбари кардани номзадҳо ба вакили;

ариза дар бораи аз вазифа рафтан дар сурати вакил интихоб шуданашон барои шахсоне, ки дар қисми дуюми моддаи 26-и ҳамин Қонун зикр ёфтаанд.

Комиссияи ҳавзавии интихобот дар бораи ба қайд гирифтани номзадҳо ба вакили протокол тартиб дода, онро ҳамроҳи аризаи номзад ба вакили, ки рози шудааст номзадиаш дар ҳамон ҳавзаи интихобот ба овоз монда шавад, ба комиссияи дахлдори вилояти, шаҳрӣ, ноҳиявии интихобот пешниҳод мекунад.

Ҳамаи номзадҳо ба вакили, ки бо риояи талаботи ҳамин Қонун пешбари шудаанд, ҳатман бояд ба қайд гирифта шаванд. Дар сурати рад шудани бақайдгирии номзад, комиссияи дахлдори интихобот вазифадор аст, ки дар давоми як шабонарӯз ба номзад ва ҳизби сиёсӣ нусхаи қарори комиссияи интихоботро бо баёни асосҳои радкунӣ пешниҳод намояд.Аз хусуси рад карда шудани бақайдгирии номзад ба вакили ҳизбҳои сиёсӣ, ки номзад ба вакили пешбари намудаанд ва номзади мустақил дар мӯҳлати се рӯз ба комиссияи интихоботии болои шикоят карда метавонанд. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1087) 

Номзад ба вакили аъзои комиссияи дахлдори интихоботии вилояти, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, инчунин комиссияҳои ҳавзавӣ ё участкавии интихобот, ки овоздиҳиро дар ҳамон ҳавзаи интихобот ташкил мекунанд, буда наметавонад. Шахсе, ки номзад ба вакили пешбари шудааст ва аъзои яке аз ин комиссияҳо мебошад, аз вақти ба қайд гирифта шудани номзадиаш ба вакили аз вазифаи аъзои комиссия озод карда мешавад.

Комиссияи ҳавзавии интихобот на дертар аз рӯзи чоруми баъди ба қайд гирифтани номзадҳо ба ва

НАВОРХО

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш