Эмомалӣ Раҳмон - Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

5 октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи деҳқон таваллуд ёфтааст.Фаъолияти меҳнатиашро соли 1970 пас аз хатми омўзишгоҳи касбию техникӣ дар заводи равғанкашии шаҳри Қўрғонтеппа оғоз кардааст.
Солҳои 1971-1974 дар қувваҳои ҳарбии баҳрии собиқ ИҶШС хизмат кардааст.
Баъди хатми факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон муддате ба корҳои ҳизбӣ машғул буд. Аз соли 1987 то соли 1992 роҳбарии совхозро дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба ўҳда дошт. Соли 1991 вакили халқ дар Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Соли 1992 раиси комиҷроияи Шўрои намояндагони халқи вилояти Кўлоб интихоб шуд. Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Моҳи ноябри соли 1994 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Аз соли 1998 Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.
6 ноябри соли 2013 ба мўҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор - муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
23 апрели соли 1955 дар ноҳияи Нуробод дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1976 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис, соли 2001 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро бо ихтисоси ҳуқуқшинос ва соли 2005 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси менеҷери идоракунии давлатӣ ба итмом расонидааст.
Соли 2009 рисолаи номзадиашро дар мавзӯъи «Роли тарбия дар ташаккул ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос» ҳимоя намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1976 ҳамчун муҳандис дар иттиҳодияи ноҳиявии "Тоҷикселхозтехника" оғоз кардааст.
Аз соли 1979 то 1987 дар вазифаҳои гуногуни комсомолӣ (котиби озоди кумитаи комсомоли омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №57, мудири шӯъба, котиби якуми Кумитаи комсомоли ноҳияи Данғара, инструктори Кумитаи Марказии комсомоли Тоҷикистон ва котиби Кумитаи комсомоли вилояти Кӯлоб) кор кардааст.
Солҳои 1987-1991 дар вазифаҳои масъули ҳизбӣ (инструктор, мудири хонаи маорифи сиёсии Кумитаи ҳизби коммунисти вилояти Кӯлоб, мудири шӯъбаи ташкилии Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Данғара) фаъолият намудааст.
Солҳои 1991-94 директори Маркази шуғли аҳолии ноҳия, солҳои 1994-1995 муовини раиси ноҳияи Данғара ва аз соли 1995 то соли 2000 ба сифати Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрӣ адои вазифа намудааст.
Соли 2000 вакили Маҷлиси намояндагон аз ҲХДТ интихоб гардида, вазифаи муовини раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт.
Аз соли 2001 то 2014 дар вазифаи Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо фаъолият намудааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 январи соли 2014 бинобар таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо таъин гардид.
13 декабри соли 2019 бо ҷонибдории вакилони Анҷумани 13 муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб карда шуд.
Ба унвони фахрии "Корманди шоистаи Тоҷикистон" сарфароз гардонда шудааст. Оиладор падари 3 фарзанд мебошад
Юсуфӣ Хайринисо - муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Хайринисо Юсуфӣ - 30 марти соли 1964 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд, Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
• Соли 1986 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, соли 1996 Донишгоҳи озоди Тоҷикистон, соли 2003 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва соли 2005 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисосҳои байтор, ҳуқуқшинос, филолог ва менедҷер дар соҳаи идоракунии давлатӣ бо дипломҳои аъло хатм кардааст.
• 28 сол собиқаи кории касбӣ дошта, дар мансабҳои котиби аввали комитети комсомоли шаҳри Панҷакент, раиси Шӯрои Созмони ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, муовини раиси шаҳри Панҷакент ва муовини раиси вилояти Суғд фаъолият намудааст.
• Солҳои 2004-2008 Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2008-2010 Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
• Аз марти соли 2010 то имрӯз Раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи сиҳатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
• Ҳамзамон мансаби муовини Раиси комиссияи байнипарлумонӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россияро ба ӯҳда дорад.*
• Бо забонҳои русӣ, англисӣ, туркӣ ва узбекӣ озодона ҳарф мезанад.
• Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.
• 1 марти соли 2015 ҳамчун вакил ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб шудааст.
13 декабри соли 2019 бо ҷонибдории вакилони Анҷумани 13 муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб карда шуд.
Дорандаи ордени "Шараф дараҷаи 1", Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медали ҷашнии "20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон".
Латифзода Асрор Қурбон - муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

10-уми марти соли 1962 дар шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Соли 1984 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ-ташкилотчӣ ба итмом расонида, хатмкардаи Кафедраи ҳарбии Донишгоҳи мазкур мебошад.
Дар тули фаъолияти корияш дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла корманди хурди илмии Пажуҳишгоҳи иқтисодиёти хоҷагии қишлоқ, мудири шӯъбаи ташкилӣ, котиби дуюм ва якуми Кумитаи комсомоли ноҳияи Синои (Фрунзе) шаҳри Душанбе, котиби якуми Кумитаи комсомолии шаҳри Душанбе, муовин-муовини аввали раиси Шӯрои Марказии иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи сиёсати кадрҳо, раиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори КВД «Сайёҳ»-и Вазорати иқтисодиёт ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири Шӯъбаи ташкилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Точикистон содиқона кор ва фаъолият намудааст.
Мавсуф хатмкардаи Акадамияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия, бо ихтисоси идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ мебошад. 26-уми декабри соли 2009 дар Анҷумани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муовини Раиси Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон интихоб гардид.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 ноябри соли 2015 ба вазифаи муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардааст.
13 декабри соли 2019 бо ҷонибдории вакилони Анҷумани 13 муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб карда шуд.
Бо ордени «Шараф» дараҷаи 2 ва бо Ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст.
Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
| ‹ | › | |||||
| Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |